Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Ҳикмат, гумшудаи мӯъмин аст, пас ҳикматро фаро гир, ҳарчанд аз мунофиқ бошад.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 80)

Read more: Гумшудаи мӯъмин

Қазо ва қадар

Аз суханони ҳазрати Алӣ(к) аст дар хитоб ба марде аз аҳли Шом -ҳангоме, ки аз ҳазрати Алӣ(к) пурсид: Оё ҳаракати мо ба тарафи Шом ба қазо ва қадари Худованд буд? Пас аз гуфтори дароз, ки ин баргузидаи он аст [фармуд]:

Вой бар ту! Шояд қазои лозим ва қадари ҳатмиро гумон…

Read more: Қазо ва қадар

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Он ки худро пешвои мардум қарор дод, пеш аз он ки дигаронро адаб биёмӯзад, худро таълим диҳад ва бояд пеш аз он ки бо забонаш тарбият кунад, бо кирдораш фарҳехтагиро таълим диҳад. Он ки худро дониш ва адаб меомӯзад ба таъзим сазовортар аст аз касе, ки фақат дигаронро дониш ва адаб меомӯзад.

Read more: Ислоҳи худ пеш аз ислоҳи дигарон

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Ҳар гоҳ касе бар ту салом намуд, бо саломи некӯтар посухаш деҳ ва ҳар гоҳ касе ба ту эҳсон кард, беш аз онро ба ӯ бибахш, ҳарчанд дар ҳар ҳол, бартарӣ аз они оғозкунанда аст.

(Наҳҷулбалоға ҳикмати 62)

Read more: Тақаддум дар некӯкорӣ

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Қаноат сарватест, ки тамом намешавад.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 57)

Read more: Қаноат