Вай дар ҳолати ташнагӣ ва ҷароҳат оби бадбӯ намехурд. Ба оростагии либос ва мӯи сар аҳамият медод. Ҳар вақт аз хона хориҷ мешуд, мӯи сари худро шона мекард ва мефармуд: Худованд бандаашро дӯст медорад, ки худро ороста бикунад.

Расули Худо(с) худро чунон хушбӯ мекард, ки бӯи хуши ӯ, омаданашро аз роҳи дур хабар медод.[1]

Он ҳазрат мефармуд: Либосҳои худро тамиз бикунед ва мӯйҳои худро кам кунед ва мисвок бизанед ва ороста ва покиза бошед.[2]

Ёсин

 

[1]Таърихи Яъқубӣ,  ҷ,  2, саҳ. 89

[2]Наҳҷ-ул- фасоҳа,  ҳадиси  377 

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить