ва аз Худованди меҳрубон беҳтаринҳоро барои шумо азизони Қуръондӯст хоҳонем. Инсони боҳӯш талош мекунад, ки бештарин баҳраро аз ин моҳ бибарад, чун ин моҳ, моҳи боарзише дар миёни моҳҳо аст.

Ҳама рӯзҳои сол офаридаи Худост.Аммо Худованди таоло баъзе аз рӯзҳоро аз миёни рӯзҳо ва бархе аз моҳҳоро аз миёни дигар моҳҳои сол баргузид ва бартар шумурд, то бандагони некаш дар парастиш ва тоати Ӯ  бештар бипардозанд.

Ҳарчанд ки ҳамаи замонҳоро Худо офаридааст, лекин баъзе аз онҳо дорои шарофати махсусе мебошанд. Рост аст, ки ҳамаи моҳҳои сол партаве аз қудрати Худои ҷаҳонафарин аст, аммо се моҳ: Раҷаб, Шаъбон ва Рамазон дорои аҳаммият ва имтиёзи махсус аст.

Моҳи Раҷаб яке аз моҳҳои бобаракати солшумории ҳиҷрӣ қамарӣ ба шумор рафта, яке аз моҳҳое аст, ки Худованд дар китоби муқадасаш онро аз моҳҳои ҳаром ёд намудааст, чунончи мефармояд:

إن عدة الشهور عندالله اثناعشر شهرا في كتاب الله يوم خلق السموات والأرض منها أربعة حرم ذلك الدين القيم فلا تظلموافيهن أنفسكم” .

«Шумораи моҳҳо дар ҳукм ва тақдири Худо, дар китоби Худо- аз он рўз, ки осмонҳо ва заминро офарид дувоздаҳ аст. Аз миёни онҳо чаҳор моҳ моҳҳои ҳароманд. пн аст шеваи дуруст. Дар ин моҳҳо бар худ ситам накунед (аз фармони Худо сар мапечед)».

Паёмбари Худо (с) мефармояд: “Раҷаб моҳи боазамати Худост... Бидонед, ки Раҷаб моҳи Худо, Шаъбон моҳи ман ва Рамазон моҳи уммати ман аст, пас, ҳар кас як рӯз аз Раҷабро рӯза бигирад ризои илоҳӣ насибаш шавад ва рӯзааш ғазаби илоҳиро хомӯш кунад ва Худо даре аз дарҳои дӯзахро бар ӯ бибандад. Агар касе ба андозаи тамоми замин тилло инфоқ кунад, бартар аз рӯзаи як рӯзи он нахоҳад буд.... Ҳар гоҳ шаб шавад, дуояш мустаҷоб хоҳад буд ё дар дунё ба ӯ ато хоҳад шуд ва ё барои охирати ӯ захира мешавад... Ҳазрати Расули Худо (с) сипас савоби ду, се, чаҳор, панҷ то сӣ рӯз, рӯзаи моҳи Раҷабро якта ба якта бо тавзеҳи комил баён фармуд.”

Ҳамчунин он ҳазрат дар ривояти дигаре мефармояд: “Раҷаб моҳи бузурге аст, ки Худованд аъмоли некро дар он чанд баробар мефармояд ва гуноҳонро дар он маҳв мекунад. Пас ҳар кас як рӯз аз моҳи Раҷабро рӯза бигирад ба андозаи роҳи як сол аз дӯзах дур ва ҳар кас се рӯз аз он моҳро рӯза бидорад биҳишт бар ӯ воҷиб мешавад.”

Дар ҷои дигаре фармудаанд: “Раҷаб номи наҳре дар биҳишт аст, ки аз шир сафедтар ва аз асал ширинтар аст. Бинобар ин, ҳар кас як рӯз аз моҳи Раҷабро рӯза бидорад, Худованд аз он наҳр ба ӯ хоҳанд нушонд.”

Ҳамчунин дар ривояти машҳур омада аст, ки: “Онгоҳ ки қиёмат барпо шавад, мунодии илоҳӣ фарёд занад: “Айнар Раҷабийюн” куҷоянд онон ки моҳи Раҷабро гиромӣ доштанд ва аз он баҳраҳо бурданд? Аз он ҷамъияти анбуҳ, гурӯҳе бархезанд, ки нури ҷамолашон маҳшарро рӯшан кунад. Бар сари онон тоҷҳои шоҳие ки пур аз дурру ёқут аст қарор дорад ва дар тарафи рости ҳар нафар аз онон ҳазор фаришта, дар самти чап низ ҳазор фаришта ба ӯ каромат ва таъзими илоҳиро табрик гӯянд. Аз ҷониби илоҳӣ нидо ояд: Бандагон ва Канизонам! Ба иззату ҷалолам савганд, шуморо ҷо ва мақоми гиромӣ ва бахшишҳои фаровон диҳам ва шуморо дар маконе ҷой диҳам, ки аз зери он наҳрҳо ҷорӣ аст ва шумо дар он ҷовид хоҳед буд; зеро шумо довталабона барои ман дар моҳе, ки ман бузургаш доштам рӯза гирифтед. Сипас, хитоб ба фариштагон фармояд: Фариштагони ман! Бандагон ва канизонро ба биҳишт дохил кунед”. Дар инҷо фармуд: “Ин подош барои касе аст, ки гарчи як рӯз аз аввал ё мобайн ё охири моҳи Раҷабро рӯза бидорад.”

Паёмбари акрам (с) дар фазилати рӯзҳои аввали ин моҳ фармуда аст:  “Аз аввалин шаби ҷумъаи моҳи Раҷаб ғофил нашавед; фариштагон онро “Лайлатул рағоиб” меноманд. Чароки вақте як севвуми шаб гузашт, ҳеҷ фариштае нест магар инки дар канори Каъбаи Мушаррафа ояд; онгоҳ Худованд назари марҳамат ба онон кунаду фармояд: Фариштагонам! Ҳарчи мехоҳед аз ман, бихоҳед. Фариштагон гӯянд: Бор Илоҳо! Ҳоҷат ва хостаи мо он аст, ки рӯзадорони моҳи Раҷабро биёмурзӣ, Худованди Мутаол мефармояд: Омурзидам.”[1]

 



[1]Иқбол-ул-аъмол.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти