Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем:

1. Бо таҳорат тиловат кардан.

2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан, чунонки Паёмбари Акрам(с) дастур дода аст.

3.Гуфтани “Аъузу биллоҳи минашшайтонирраҷим” пеш аз қироати Қуръон. Яъне паноҳ мебарам ба Худованд аз шарри шайтони рондашуда (аз даргоҳи Худованд).

4. Хондан аз рӯи Қуръон. Ҳатто сураҳоеро, ки ҳифз ҳастем, беҳтар аст Қуръонро боз карда аз рӯи Қуръон бихонем, чунонки Паёмбар(с) фармуд: “Қироати Қуръон аз рӯи мусҳаф беҳтарин аъмоли уммати ман аст.”

5. Қироат бо садои хуш. Паёмбар(с) фармуд: Ҳар чиз зеваре дорад ва зевари Қуръон савти некӯ аст.

6. Қироати Қуръон бо хушӯъу фурутанӣ.

7. Қироати Қуръон бо ҳузну андӯҳ. Паёмбар(с) фармуд: Ҳамоно Қуръон бо ҳузн нозил шуда аст. Бинобар ин ҳангоми қироати Қуръон гиря кунед ва агар гиря накардед, ҳолати гиря ба худ бигиред.

8. Қироат бо тартил. Худованд мефармояд:

Қуръонро бо диққат ва ормиш бихонед.[1]

Набояд фаромуш кунем, ки яке аз муҳимтарин одоби тиловати Қуръон, диққат дар маънои оятҳо аст. Касе, ки дар маънои Қуръон диққат накунад, монанди донишомӯзе аст, ки иншои хуберо шумурда-шумурда ва зебо мехонад, вале маънояшро намедонад, балки тутивор мехонад. Чунин донишомӯзеро омӯзгор ба хотири шумурда – шумурда ва зебо хонданаш, таҳсин мекунад, вале вақте ба ӯ баҳои олӣ медиҳад, ки маънои навиштаҳоро ҳам бифаҳмад.

“Тартил” чӣ маъно дорад?

Имом Алӣ (а) дар бораи тартил фармуд: Аттартилу таҷвидулҳуруф ва маърифатулвуқуф”

Тартил иборат аст аз некӯ адо кардани ҳуруф ва шинохтани маҳалли вақфҳои (истодани) Қуръон.

Ва фармуд: Тартил, яъне онро ба таври равшан баён кун ва монанди ашъор зуд ва пушти сари ҳам нахон ва монанди донаҳои қуми пароканда (калимоти) Қуръонро пароканда махон, балки чунон бихон, ки дилҳои сангин ва хуфтаро бо он бедор кунӣ, ҳаргиз (танҳо) ҳадафи шумо ин набошад, ки ҳатман сураро ба охир бирасонӣ.

Пас тартил, дурусту ором ва бодиққат хондани Қуръон аст.

 


[1] . Сураи Муззаммил, ояи 4 » وَرَتِّلِ القُرآنَ تَرتیلاً «

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить