Чаро хондани сураи Фотиҳа бо хатми Қуръон баробар аст?

Ин посухро бо чанд нуктаи пизишкӣ шурӯъ мекунем.

1. Оё медонед зардолуи тоза 20 баробари гелос витамини O дорад? Яъне “витамини O”-и хӯрдани як кило зардолу баробар аст бо хурдани 20 кило гелос.

2. Оё медонед витамини B2-и бодом ҳудуди 30 баробари витамини B2 дар нок аст? Пас агар шумо як кило бодом бихӯред ба андозаи ҳудуди 30 кило нок ба бадани шумо витамини B2 мерасад.

Худои Мутаол дар бархе рӯзҳо низ вижагиҳое қарор дода аст, ки бар дигар рӯзҳо бартарӣ доранд, мисли:

«لیلة القدر خیر من الف شهر»

Шаби қадр аз ҳазор моҳ беҳтар аст.

Баъзе аз оятҳо ва сураҳои Қуръон низ ҳамин гуна ҳастанд. Бархе вижагиҳои сураи Ҳамд иборатанд аз;

1. Ин сура модар ва асоси Қуръон номида шуда аст.

2. Вақте ин сура нозил шуд шайтон сахт озурда шуд ва нола сар дод.

3. Ин сура ба хотири аҳамияте, ки дошт ду бор бар Паёмбар(с) нозил шуд.

4. Худои Мутаол сураи Ҳамдро неъмати бузурге бар Паёмбар (с) меномад.

5. Се асли тавҳид, нубувват ва маод дар сураи Ҳамд баён шуда аст.

6. Ҳамд усора ва натиҷаи кулли Қуръон мебошад.

Дар ривоят мехонем: Ҳар кас сураи Ҳамдро бихонад монанди шахсе аст, ки ҳамаи Қуръонро хондааст.”

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить