Муҳкам ва муташобеҳ

﴿هُوَ الَّذِي أَنزَلَ عَلَيْكَ الْكِتَابَ مِنْهُ آيَاتٌ مُّحْكَمَاتٌ هُنَّ أُمُّ الْكِتَابِ وَأُخَرُ مُتَشَابِهَاتٌ فَأَمَّا الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ زَيْغٌ فَيَتَّبِعُونَ مَا تَشَابَهَ مِنْهُ ابْتِغَاءَ الْفِتْنَةِ وَابْتِغَاءَ تَأْوِيلِهِ وَمَا يَعْلَمُ تَأْوِيلَهُ إِلَّا اللَّهُ وَالرَّاسِخُونَ فِي الْعِلْمِ يَقُولُونَ آمَنَّا بِهِ كُلٌّ مِّنْ عِندِ رَبِّنَا وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّا أُولُو الْأَلْبَابِ﴾[1]

“Ӯст зоте, ки ин китобро бар ту фурӯ фиристод. Порае аз он, оёти муҳкам (сареҳ ва рӯшан) аст. Онҳо асоси китобанд ва (пораи) дигар муташобиҳанд. Аммо касоне, ки дар дилҳояшон инҳироф аст, барои фитнаҷӯӣ ва талаби таъвили он, аз муташобиҳ пайравӣ мекунанд, бо он ки таъвилашро ҷуз Худо ва росихони дар илм касе намедонад. (Онон ки) мегӯянд: мо бадон имон овардем, ҳама (чи муҳкам ва чи муташобеҳ) аз ҷониби парвардигори мост ва ҷуз хирадмандон касе мутазаккир намешавад”.

Ояти боло, оёти Қуръонро ба ду гурӯҳи муҳкамот ва муташобиҳот бо вижагиҳои хосси онҳо тақсим мекунад.[2]

Қабл аз ҳар чиз лозим аст бо ду вожа “муҳкам” ва “муташобеҳ” ошно шавем:

Таърифи муҳкам ва муташобеҳ

  1. 1. Роғиб дар муфрадот гӯяд:

Решаи ҳукм ба маънои “маън” аст. Ва ба ҳамин ҷиҳат дар забони араб ба лаҷоми асп “ҳикмат” итлоқ мегардад (зеро лаҷом, ҳайвонро аз ҳаракат ва тамарруд бозмедорад).

Бинобар ин дар ин модда навъе маънои монеият ва нуфузнопазирӣ нуҳуфта аст. Вақте мегӯем: Қозӣ “ҳукм” кард; яъне қазия қабл аз ҳукми ӯ дорои тазалзул буд ва пас аз ҳукм, ҳолати субот ва истеҳком ба худ гирифт. “Муҳкам” будани чизе бадин маъност, ки омили хориҷӣ наметавонад дар он нуфуз намояд ва ба қавли Роғиб: “Муҳкам, чизе аст, ки на аз ҷиҳати лафз ва на аз ҳайси маъно шубҳае дар он ворид нагардад.” Ин вижагӣ дар як калом, ҳангоме падид меояд, ки калом дар ифодаи маъно, ҳеҷ гуна ибҳому нофаҳмие надошта бошад ва ба рӯшании тамом бар мақсуди хеш далолат намояд.

  1. 2.Муташобеҳ: Роғиб гӯяд:

Шубҳа, он аст, ки ба ҷиҳати вуҷуди шабоҳат байни ду чиз, яке аз дигарӣ тамйиз дода нашавад (чи шабоҳат айнӣ бошад ва чи маънавӣ). Муташобеҳ дар Қуръон, каломе аст, ки ба далели мушобиҳати лафзӣ ё маънавияш ба чизи дигар тафсири он мушкил гардидааст. Фуқаҳо мегӯянд муташобеҳ чизе аст, ки зоҳираш хабар аз ботинаш намедиҳад ва гӯё муродаш намебошад.

“Иштибоҳ” низ ба ҷиҳати мушобиҳати ду ё чанд чиз ба якдигар рӯх медиҳад.

Бинобар ин муташобеҳ (дар истилоҳи Қуръон) лафзе аст, ки эҳтимоли чандин маъно дар он вуҷуд дорад, ба ҳамин ҷиҳат дар он шаку шубҳа эҷод мегардад ва ҳамон гуна ки имкони таъвили саҳеҳи он вуҷуд дорад, эҳтимоли таъвили фосид низ дар он меравад ва ҳамин эҳтимол боис гаштааст, то мунҳарифон дар садади таъвили он мутаносиб бо аҳдофи хеш бароянд.[3] Роғиби Исфаҳонӣ дар бораи оёти муташобеҳ гуфтааст: “муташобеҳоти Қуръон иборатанд аз оёте, ки тафсири онҳо мушкил аст, зеро нишондиҳандаи маънои воқеияшон нестанд ва ба чизи дигар шабоҳат доранд” ки дар мавриди Қуръон, он “чизи дигар”, ҷуз залолат ва гумроҳӣ нест: ﴿...فَمَاذَا بَعْدَ الْحَقِّ إِلَّا الضَّلَالُ...[4]

Тибқи ин таъриф, ташобуҳ дар Қуръон, ташобуҳи ҳақ ва ботил аст ва ҳаргоҳ каломи Худованд (Қуръони Карим) намуде чуз ҳақ дошта бошад ва ба ботил шабеҳ бошад, онро муташобеҳ гӯянд.

Пас манзур аз ташобуҳҳ дар оёти муташобеҳ, ташобуҳи ҳақ ва ботил аст, ба ин сурат, ки сухани ҳақи Худованд ботил ҷилва дода шавад.

Паз аз баррасии ду истилоҳи “муҳкам ва муташобеҳ” ба ояти аслӣ боз мегардем. Дар ин оят, оёти муҳкамот, “уммул китоб” муаррифӣ шудаанд. Ум аз решаи “амма яумму” ба маънои “қасада яқсуду” аст. Аз он ҷиҳат, ки фарзанд ба модар мутаваҷҷеҳ мешавад ва қасди ӯро мекунад, “ум” мегӯянд. Ум ба маънои марҷаъ ва мақсад аст ва “уммул китоб”, яъне оёте, ки барои оёти дигар марҷаъ воқеъ мешавад. Муҳкамот ба тасреҳи Қуръон оёти модар, марҷаъ ва асосӣ ҳастанд, бо ин вижагӣ, ки худ ҳеҷ ибҳоме надошта, бартарафкунандаи ибҳом ва ташобуҳ аз оёти муташобеҳанд. Аз ҳамин оят метавон истифода намуд, ки гарчи бахше аз оёти Қуръон “муташобеҳ” мебошанд, аммо бо ирҷоъи муташобеҳот ба оёти муҳкам, аз ин даста аз оёт низ рафъи ташобуҳ мегардад ва мафҳуми онҳо низ дар сояи оёти муҳкамот маълум мешавад; ба иборати дигар гарчи бахше аз Қуръонро оёти муташобеҳ ташкил медиҳад (бахши андак) аммо ташобуҳи оёт, зотӣ ва ҳамешагӣ нест, зеро Қуръон худ, роҳи табйини муташобиҳотро таъйин карда ва дар ҳақиқат роҳкори рафъи ташобуҳро нишон дода аст.

Аҳамияти муҳкам ва муташобеҳ

Қуръони маҷид китоби вижа ва дорои имтиёзот ва ихтисосоте аст, ки онро аз китобҳои дигар ҷудо месозад. Баҳрагирӣ аз ин китоби осмонӣ ва дарёфти маорифи баланд ва муҳтавои арзишманди он низ мутавақиф бар бархурдорӣ аз маҷмӯае аз умур аст, ки ҳар як ба наҳве дар фаҳми саҳеҳи Қуръон нақш дошта ва бегонагӣ аз он умур баробар бо дурӣ аз муҳтавои ин китоби муқаддас аст. Аз ҷумла ин маворид, ошноӣ бо муҳкам ва муташобеҳ дар Қуръон аст. Ин масъала ончунон аҳамият ва арзише дорад, ки ҳар муфассири Қуръони карим дар ҷой-ҷои ин китоби илоҳӣ, таваҷҷӯҳ ба онро барои худ лозим дониста ва ғафлат аз онро сабаби пайдоиши инҳироф дар тафсири Қуръон медонад. Қуръон ба унвони як маҷмӯаи баҳам пайваста ва якдаст (ки ба тасреҳи худ ҳеҷ гуна ихтилоф ва ноҳамоҳангӣ дар оёташ вуҷуд надорад) ба ду бахши муҳкам ва муташобеҳ тақсим мегардад. Баъзе аз оёт, оёти модар, асосӣ ва марҷаъ ҳастанд ва бахши дигар ниёзманди ирҷоъ ба дастаи аввал. Аз ин рӯст, ки назари истиқлолӣ ба оёти дастаи дуввум дар тафсири Қуръон инсонро ба куллӣ аз масири саҳеҳи фаҳми Қуръон мунҳариф месозад ва нохоста дар ҷиҳати мухолиф бо китоби Худо қадам бар медорад. Тардиде нест, ки бисёре аз фирқаҳо ва ниҳлаҳо ва иншиобот, ки дар ҳавзаи уммати бузурги Ислом ва дини мубин ба вуҷуд омада, дар асари пайравӣ аз оёти муташобеҳ будааст.

Пайдоиши мазоҳиби фосиде чун муҷассама ё муҷбира ё муфаввиза, бар пояи ҳамин даста аз оёт ва бидуни мулоҳизаи оёти муҳкам будааст. Ин амр мутаасифона аз садри Ислом то кунун идома дошта ва дар ҳар замон ба иқтизои шароити замонӣ ва маконӣ, гурӯҳҳое будаанд, ки бо тамассук ба чунин оёте бидъатофаринӣ карда ва оёти нуронии Қуръони маҷидро дастовезе барои расидан ба майлҳо ва ҳавоҳои нафсонии худ он ҳам дар қолиб ва чеҳраи динӣ ва қуръонӣ қарор додаанд. Шояд ба ҳамин ҷиҳат аст, ки мавзӯи муҳкам ва муташобеҳ аз дербоз мавриди таваҷҷӯҳи муфассирон ва қуръоншиносон буда ва орои гуногун ва мухталифи муфассирон аз саҳоба ва тобиин ва пас аз онҳо, ки дар ин замина иброз шуда, шоҳиде бар ин амр аст. Илова бар тафосири муфассирон, ки ин баҳсро дар зайли ояти муҳкам ва муташобеҳ[5] матраҳ намудаанд, гурӯҳи бешуморе аз муфассирон ва огоҳони улуми қуръонӣ онро дар зимни мабоҳиси улуми қуръонӣ, балки дар рисолаҳо ва китобҳои мустақиле матраҳ ва арза намудаанд.[6]

Аз он чи ки зикр шуд аҳамият ва ҷойгоҳи вижаи ин баҳс ба хубӣ рӯшан мешавад. Низ дар зимни баҳсҳои оянда маълум мегардад, ки бо дарки саҳеҳ аз муҳкамот ва муташобиҳоти Қуръони маҷид, беҳтарин шеваи тафсирии Қуръон, тафсири Қуръон ба Қуръон аст, чаро ки ирҷои оёти муташобеҳ ба оёти муҳкам ва баҳрагирӣ аз ин оёт барои фаҳми саҳеҳ аз оёти муташобеҳ, яке аз масодиқи тафсири Қуръон ба Қуръон аст ва дар соири маворид низ истифода аз оёти дорои мафҳими рӯшан барои рафъи ибҳом аз баъзе дигар аз оёт ва ё табйини ҳудуд ва суғури он оёт, бисёр роҳкушо ва муассир аст. Оре, ин амр мусталзими табаҳур ва тамаҳуз дар Қуръон аст; яъне уқобони баландпарвозро сазад, ки дар осмони баланди маорифи Қуръон ба парвоз даромада ба латоиф ва зароифи он даст ёбанд.

Аҳодиси зиёд ва фаровоне дар заминаи наҳй аз тафсири ба раъй ворид шуда низ қобили таамул аст. Мафод ва мазмуни ин аҳодис чунин аст, ки: Ҳар кас Қуръонро ба раъй ва назари хештан тафсир намояд, ҷойгоҳаш дар оташ хоҳад буд.[7] Аз ин даста ривоёт бармеояд, ки назари истиқлолӣ ба оёти Қуръон ва эътимод ба худи оят, бидуни руҷуъ ба оёти дигар, тариқи нотамом ва нарас барои фаҳми Қуръон аст ва Қуръон бояд аз тариқи худ тафсир гардад,[8] ки яке аз он роҳҳо ирҷои оёти муташобеҳ ба оёти муҳкам аст.[9]

 


[1] . Сураи Оли имрон, ояти 7.

[2] . Гарчи дар ояти мавриди баҳс, оёт ба ду гурӯҳи “муҳкам ва муташобиҳ” тақсим шудаанд, аммо дар ҷои дигар ҳамин ду унвон, васфи кулли Қуръон низ қарор гирифтаанд:

﴿ ِتَابٌ أُحْكِمَتْ آيَاتُهُ ثُمَّ فُصِّلَتْ مِن لَّدُنْ حَكِيمٍ خَبِيرٍ﴾ (Ҳуд, ояти1)

Ва дар ҷои дигар:

﴿ اللَّهُ نَزَّلَ أَحْسَنَ الْحَدِيثِ كِتَابًا مُّتَشَابِهًا مَّثَانِيَ...(Зумар, ояти 23)

Мурод аз аҳкоми оёти Қуръон (дар ояти боло) ба қаринаи тафсилии оёт, ки дар ҳамон оят зикр гардидааст, вазъияти оёти қабл аз нузули тадриҷӣ ва тафсилӣ ва оят ба оят аст. Қуръон дар марҳалаи қабл аз нузули тадриҷӣ аз ҳақиқати воҳид ва собит бархурдор буда, ки таҷзия ва такассури оёт (тафсил) дар он роҳ надошта аст ва ба ҳангоми нузули тадриҷӣ аз марҳалаи аҳком ба марҳалаи тафсил ва такассур, тағйири ҳолат дода аст. (р.к: Алмизон фи тафсирил Қуръон, ҷ.3, с.20). Итлоқи васфи ташобуҳ барои кулли оёт дар сураи Зумар бадин маъност, ки Қуръон китобе аст, ҳамаи оёташ бо якдигар ҳамоҳанг аст. Китоби муташобеҳ, яъне китобе ки дар он тазод ва ихтилоф ва иъвиҷоҷ роҳ надорад, балки бар маҷмӯаи он навъе мушобиҳат ва якнавохтӣ ва ҳамоҳангӣ ҳоким аст ва ҳамагӣ як ҳадафро дунбол мекунанд:

   (Нисо, ояти82).﴿أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ الْقُرْآنَ وَلَوْ كَانَ مِنْ عِندِ غَيْرِ اللَّهِ لَوَجَدُوا فِيهِ اخْتِلَافًا كَثِيرًا﴾

[3] . Ат-тамҳид фи улумил Қуръон, ҷ.3, с.9.

[4]. Сураи Юнус, ояти 32.

[5]. Сураи Оли Имрон, ояти7.

[6] . Ба унвони намуна метавон аз китобҳои зер ном бурд: Муташобиҳул Қуръон, Алӣ ибни Ҳамзаи Кассоӣ (м.183 қ); Китобун фи муҳкамил Қуръон ва муташобиҳиҳи, Савр ибни Абдуллоҳи Ашъарӣ (м.300қ.); Ҳақоиқут таъвил фи муташобиҳит танзил, Сайид Разӣ (359-406 қ.); Муташобиҳул Қуръон, Қозӣ Абдуҷаббор ибни Аҳмади Ҳамадонӣ (359-415қ); Муташобиҳотул Қуръон, Садрулмутааллиҳин, Муҳаммад ибни Иброҳими Шерозӣ (979-1050қ); р.к: Доктор Сайид Абдулваҳоби Толиқонӣ, Улуми Қуръон ва феҳристи манобеъ, ҷ.1, с.391 ба баъд.

[7] . “وّ مّن قَالَ فِی القُرآنِ بِرَأیِهِ أو بِمَا لَا یَعلَم فَلیَتَبَوَّأ مَقعَدَهُ مِنَ النَّار- Нисоии Хуросонӣ, Абуабдураҳмон Аҳмад ибни Шуайб, Сунанул кубро, ҳ.8085.

[8] . Алмизон фи тафсрил Қуръон, ҷ.3, с.76-80.

[9] . Ҷавон Ороста, Дарсномаи улуми қуръонӣ, с.320. ҷиҳати огоҳии бештар дар заминаи ирҷои муташобиҳот ба муҳкамот, ниг: Ризоӣ Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Мантиқи тафсири Қуръон, ҷ.2, мабҳаси тафсири Қуръон ба Қуръон.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти