Анвои насх дар Қуръон

Насх дар оёти қуръонӣ ба чанд гуна тасаввур шудааст. Бархе аз ин маворид мақбул ва бархе мардуд аст:

  1. 1. Насхи оят ва муҳтаво: Алфози оят аз Қуръон бардошта шавад ва ҳукме, ки дар он оят баён шудааст низ насх гардад.
  2. 2. Насхи оят фақат: Алфоз ва ибороти оят аз Қуръон бардошта шавад, вале ҳукми баёншуда дар он оят боқӣ бимонад.
  3. 3. Насхи муҳтаво: Алфоз ва ибороти оят ҳамчунон дар Қуръон собит бимонад ва тиловат шавад, вале ҳукми баёншуда дар он оят мансух гардад.
  4. 4. Насхи машрут: Ҳамон сурати севвум аст, бо ин тафовут, ки ҳукми собиқ бо таваҷҷӯҳ ба шароите насх шавад ва бо баргаштани шароити ташреъи нахустин, ҳукми мансух дубора ба иҷро дармеояд. Дар натиҷа ду ҳукми мансух ва носих, ҳар як ба шароити худ бастагӣ доранд.

Тафовути насхи машрут бо насхи муҳтаво дар ин аст, ки дар насхи муҳтаво, ҳукми мансух ба сурати мутлақ ва барои ҳамеша аз байн меравад ва қобили иода нест, вале дар насхи машрут, ҳукми мансух бо иодаи шароит, дубора зинда мешавад ва қобили иҷрост.

Аз назари муҳаққиқин танҳо сурати севвум ва чорум (насхи муҳтаво, насхи машрут) саҳеҳ аст ва дар Қуръон воқеъ шудааст, аммо сурати аввал (насхи оят ва муҳтаво) ҳарчанд қобили фарз аст, вале мавриде дар Қуръон вуҷуд надорад, ки бар он сидқ кунад. Сурати дуввум (насхи оят) низ илова бар инки мавриде дар Қуръон надорад, асосан маъқул нест, яъне маъқул нест ояте, ки санади ҳукми шаръӣ бошад, аз Қуръон бардошта шавад ва муҳтавои он боқӣ бимонад. Ба назари устод Субҳи Солеҳ, мавориде, ки ба унвони мисол барои насхи оят ва муҳтаво ё насхи оят бидуни муҳтаво зикр шуда, бар мабнои хабари воҳид устувор ҳастанд, ки далолати занния доранд ва наметавон онро бо матни Қуръон, ки бо тавотур собит шудааст, муқойиса намуд.[1]

Оёти мансуха

Насх назди пешиниён мафҳуми густардатар аз мафҳуми кунунӣ доштааст, дар гузашта ҳаргуна тағйир ва табдиле дар ҳукми пешинро насх мегуфтанд; дар ҳоле ки насхи мусталаҳи имрӯз, ҷойгузин кардани ҳукми ҷадид ба ҷои ҳукми қадим аст, ба ин маъно, ки ҳукми собиқ ба куллӣ мансух шавад ва ҳукми ҷадид ҷои онро бигирад.

Касоне, ки насхро ба мафҳуми оми он (ки назди пешиниён корбурд дошта аст) гирифтаанд, ё шароити муқарар дар таҳаққуқи насхро нодида гирифтаанд, теъдоди оёти мансухаро то 228 оят расондаанд.

Суютӣ зимни ради касрати насх, теъдоди оёти мансухаро 21 оят медонад. Соҳиби Албаён фақат қоили ба насхи як оят (ояти наҷво) аст, вале бо таваҷҷӯҳ ба завобити насх ва дар назар гирифтани насхи машрут, ҳашт мавриди насх дар Қуръон вуҷуд дорад, ки шомили ҳудуди бист оят мешавад.[2]

Намунаҳое аз оёти мансуха:


Ояти наҷво
(Муҷодала,12) (Муҷодала, 13)
Ояти адади муқотилин (Анфол,65) (Анфол,66)
Ояти фаҳшо (Нисо, 16) (Нур, 2)
Ояти таворус ба имон (Анфол, 72) (Аҳзоб,6)
Оёти муоҳада Нисо,89-90 ва 92; Анфол,72; Мумтаҳина,10 ва ... Сураи Бароат
Оёти сафҳ (Бақара, 109) Оёти муштамил бар дастури муқобила ва қитол

Дар ин ҷо ба баёни ду намуна аз оёти мансуха мепардозем:

Ояти наҷво

Бархе аз мардум дар замони Паёмбар (с), гоҳу бегоҳ музоҳими авқоти Паёмбар (с) мешуданд ва бештар масоилеро бо ӯ дар миён мегузоштанд, ки ё дар шаъни Паёмбар (с) набуд ва ё бисёр ночиз ва гоҳе беҳуда буд. Аз ин рӯ барои инки саволҳо маҳдуд шавад, дастур омад то барои тарҳи ҳар савол бояд ибтидо миқдоре садақа дода шавад:

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا نَاجَيْتُمُ الرَّسُولَ فَقَدِّمُوا بَيْنَ يَدَيْ نَجْوَاكُمْ صَدَقَةً ذَٰلِكَ خَيْرٌ لَّكُمْ وَأَطْهَرُ فَإِن لَّمْ تَجِدُوا فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ﴾[3]

“Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар гоҳ бо паёмбари (Худо) гуфтугӯи маҳрамона мекунед, пеш аз гуфтгӯи маҳрамонаи худ садақае тақдим бидоред. Ин (кор) барои шумо беҳтар ва покизатар аст ва агар чизе наёфтед, бидонед, ки Худо омурзандаи меҳрубон аст”.

Бо ин дастур мардум ба таври куллӣ аз пурсиш худдорӣ карданд ва танҳо як бор Алӣ (рз) динореро ба даҳ дирҳам фурухт ва онро сарфи масоили зарурӣ дар пешгоҳи Паёмбари акрам (с) намуд, то он ки ин дастур бо ояти

﴿أَأَشْفَقْتُمْ أَن تُقَدِّمُوا بَيْنَ يَدَيْ نَجْوَاكُمْ صَدَقَاتٍ فَإِذْ لَمْ تَفْعَلُوا وَتَابَ اللَّهُ عَلَيْكُمْ فَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَاللَّهُ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ﴾[4]

“Оё тарсидед, ки пеш аз ҳар савол садақаҳое бипардозед, ҳол ки чунин накардед ва Худо (ҳам) бар шумо бахшуд, пас намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва аз Худованд ва паёмбараш итоат кунед ва Худованд ба ончи мекунед огоҳ аст”, насх шуд.[5]

Рӯшан аст, ки дар ин оят насхи муҳтаво сурат гирифта ст, зеро ҳукми қаблӣ (додани садақа барои ҳар савол) ба таври куллӣ аз байн рафта ва ҳукми ҷадид ҷойгузини он шудааст.

Оёти сафҳ

Мусалмонони садри Ислом дастур ёфтанд, то дар муқобили озори мушрикони Макка хештандорӣ кунанд ва сабру бурдборӣ аз худ нишон диҳанд, зеро онҳо дар Макка ва дар мавзеи заъф қарор доштанд ва дар сурати муқобила ба мисл, имкони нобудии онҳо буд, лизо дар сураи Ҷосия (ки шасту панҷумин сураи маккӣ аст) омада аст:

﴿ قُل لِّلَّذِينَ آمَنُوا يَغْفِرُوا لِلَّذِينَ لَا يَرْجُونَ أَيَّامَ اللَّهِ ...[6]

“(Эй паёмбар!) ба касоне, ки имон овардаанд бигӯ то аз касоне, ки аз айёмуллоҳ биме надоранд дар гузаранд...”. Мақасуд аз “айёмуллоҳ” ҳодисаҳои ҳавлнок ва киноя аз уқубатҳои сахти илоҳӣ аст.

Аммо замоне ки ҷомеаи исломӣ шавкат ва қудрат ёфт, иҷозат дар қитол содир шуд:

﴿ أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا ۚ وَإِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ نَصْرِهِمْ لَقَدِيرٌ﴾[7]

“Ба касоне, ки ҷанг бар онҳо таҳмил шуда, рухсати (ҷиҳод) дода шудааст, чаро ки мавриди зулм қарор гирифтаанд ва албата Худо бар пирӯзии онҳо сахт тавоност”.

Сипас дастури муқобила омад ва ояти

﴿ حَرِّضِ الْمُؤْمِنِينَ عَلَى الْقِتَالِ ...﴾[8]

“Мӯъминонро ба ҷиҳод барангез...” ва низ ояти

﴿... فَاعْتَدُوا عَلَيْهِ بِمِثْلِ مَا اعْتَدَىٰ عَلَيْكُمْ...﴾[9]

“Ҳамон гуна ки бар шумо таадӣ карда, бар ӯ таадӣ кунед...” ва ояти

﴿ ...فَاقْتُلُوا الْمُشْرِكِينَ حَيْثُ وَجَدتُّمُوهُمْ وَخُذُوهُمْ ...[10]

“Мушриконро ҳар куҷо ёфтед бикушед...” нозил гашт. Тамоми ин оёт дар сураҳои маданӣ аст.

Оёти сафҳ рӯшантарин шоҳид барои насхи машрут аст, бадин далел, ки оёти мансуха, марбут ба шароити хосси замонӣ ва маконии хеш аст ва чунончи дар шароити маконӣ ё бурҳаи замонии хосе он гуна шароит пеш ояд, оёти сафҳ, дубора қувват ёфта ва ҳоким хоҳад шуд.[11]

 


[1] . Субҳи Солеҳ, Мабоҳисун фи улумил Қуръон, мабҳаси насх.

[2] . Ат-тамҳид фи улумил Қуръон, ҷ.2, с.217-220.

[3]. Сураи Муҷодала, ояти 12.

[4]. Сураи Муҷодала, ояти 13.

[5] . Суютӣ, Ҷалолиддин, Дуррул мансур фи тафсири бил маъсур, ҷ.6, с.185.

[6]. Сураи Ҷосия, ояти 14.

[7]. Сураи Ҳаҷ, ояти 39.

[8]. Сураи Анфол, ояти 65.

[9]. Сураи Бақара, ояти 194.

[10] . Сураи Тавба, ояти 5.

[11] . Ҷиҳати тавзеҳи бештар, ниг. Ат-тамҳид фи улумил Қуръон, ҷ.2.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить