Носих ва мансух

﴿مَا نَنسَخْ مِنْ آيَةٍ أَوْ نُنسِهَا نَأْتِ بِخَيْرٍ مِّنْهَا أَوْ مِثْلِهَا أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾[1]

“Ҳар оят (ё ҳукме)-ро, ки насх кунем ё ба фаромӯшӣ супорем, беҳтар аз он ё монанди онро меоварем. Оё намедонӣ, ки Худо бар ҳар чизе тавоност?”

﴿وَإِذَا بَدَّلْنَا آيَةً مَّكَانَ آيَةٍ وَاللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا يُنَزِّلُ قَالُوا إِنَّمَا أَنتَ مُفْتَرٍ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ﴾[2]

“Ва ҳангоме ки (ҳукми) оятеро ба ҷои (ҳукми) ояти (дигар) ҷойгузин кунем-ва Худо ба ончи фурӯ мефиристад донотар аст- (мушрикон) мегӯянд: “ту танҳо дуруғпардозӣ.” (чунин нест) Балки бештарашон намедонанд.”

Ҳар ҳаракати ислоҳӣ ва рӯ ба пешрафт бо тағйири шароит, ниёзманди бознигарӣ дар барномаҳо ва насхи бархе ойинҳоро зарурӣ месозад. Ин бознигарӣ ва насх, дар шариатҳои осмонӣ- ки ироакунандаи барномаи ҷомеи зиндагии башар ҳастанд- низ вуҷуд дорад. (Албата ин бознигарӣ ва дигаргунӣ то ҳангоме аст, ки ҳаракат ба рушди ниҳоӣ ва камоли матлуб нарасида бошад, лизо насх дар як шариат то мавқее аст, ки паёмбар машғули анҷоми рисолати хеш бошад, вале бо итмоми рисолат ва риҳлати паёмбар- ки баёнгари икмоли шариат аст- дигар ҷое барои насх дар шариат боқӣ намемонад).

Насхи паёпай дар як шариати навбунёд, ҳамонанди нусхаҳои пизишке аст, ки бо шароит ва аҳволи бемор тағйир пайдо мекунад. Нусхаи дирӯз дар ҷои худ муфид ва нусхаи имрӯз низ дар ҷои худ муфид аст. Лизо Худованд мефармояд:

﴿مَا نَنسَخْ مِنْ آيَةٍ أَوْ نُنسِهَا نَأْتِ بِخَيْرٍ مِّنْهَا أَوْ مِثْلِهَا أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾[3]

“Ҳар оят (ё ҳукме)-ро, ки насх кунем ё ба фаромӯшӣ супорем, беҳтар аз он ё монанди онро меоварем. Оё намедонӣ, ки Худо бар ҳар чизе тавоност?”

Бинобар ин ҳар насхе, ки сурат мегирад, дар ҷои худ дуруст буда ва нисбат ба шароит, риояти аслаҳ шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба баёни гузашта, таърифи насх то ҳудуде рӯшан шуд.

Насх дар луғат гоҳо ба маънои бардоштан ва аз миён бурдан аст:

نَسَخَ الشیبُ الشَبابَ                 (Пирӣ ҷавониро бурд).

نَسَخَ الشَّمسُ الظِّلَّ                   (Хуршед сояро аз миён бардошт).

Ва гоҳ ба маънои нақл додан ва мунтақил сохтан меояд:

نَسَختُ الکِتابَ  Китобро ба ҷои дигар мунтақил кардам (аз китоб нусхабардорӣ кардам).[4]ва[5]

Насх дар истилоҳ иборат аст аз: “Бардошта шудани ҳукми собиқ (ки бар ҳасби зоҳир доимӣ буда) бо ташреи ҳукми ҷадид (лоҳиқ), ба гунае ки: ҳукми ҷадид ҷойгузини ҳукми собиқ гардад ва имкони ҷамъ миёни ҳар ду набошад”.[6]

Дар инҷо мумкин аст ин савол матраҳ шавад, ки вуҷуди оёти мансух дар Қуръон (ҷуз тиловати алфоз бидуни муҳтаво) фоидае надорад?

Дар посух ба ин шубҳа бояд гуфт ки: аввалан вуҷуди оёти носиха ва мансуха дар Қуръон, сайри тадриҷии ташрии аҳкомро нишон медиҳад. Ин худ як арзиши таърихӣ-динӣ аст, ки мароҳили такомули шариатро мерасонад. Сониян бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки яке аз ҷанбаҳои муҳими Қуръон, “эъҷози баёнии” он аст ва бояд ҳамеша собит ва устувор боқӣ бимонад. Солисан аксари оёти мансуха бо таваҷҷӯҳ ба шароите насх шудаанд, агар дубора шароити онҳо ба вуҷуд ояд дубора зинда хоҳад шуд ва ба иҷро дар хоҳанд омад.[7]

Шароити насх

Насх дорои шароите аст, ки иборатанд аз:

  1. Дар маҳдудаи аҳкоми шаръӣ бошад; яъне ҳаргуна тағйир ва табдиле, ки хориҷ аз маҳдудаи аҳкоми шаръӣ анҷом гирад, аз мавзӯи баҳс хориҷ аст.
  2. Мавзӯъ дар насх табдил нашавад; монанди табдили ҳолати ихтиёр ба изтирор ё ҳозир ба мусофир, ки ҳаргуна тағйири ҳукм дар ин гуна маворид аз ҳитаи масъалаи насх берун аст, зеро ҳар мавзӯе ҳукми хосси худ дорад ва бо табдили мавзӯъ ҳукми он низ тағйир мекунад.
  3. Вуҷуди танофӣ ва тазод миёни носих ва мансух, ба гунае ки ҷамъ миёни онҳо мумкин набошад, вале агар ду ҳукм ба гунае бошанд, ки вуҷуди ҳамзамони он ду мумкин бошад; дар ин сурат насх сурат нагирифта аст. Пас вуҷуди муқаяд барои мутлақ ва хос барои ом, ки уламои гузашта аҳёнан аз он ба насх ном мебурданд аз мавзӯи насх берун аст.
  4. Мансух, маҳдуд ба замони муайяне нашуда бошад; чунки агар ҳукми собиқ аз аввал муқайяд ба замоне бошад, бо сар омадани он замон, ҳукм худ ба худ аз байн меравад ва ниёзе ба насх нест.

Аҳамияти баҳси насх

Аҳамияти сухан гуфтан аз насх, возеҳ ва рӯшан аст. Фақиҳе, ки дар садади истинботи аҳкоми фиқҳии Қуръон мебошад ва ё мутакаллиме, ки ба дунболи дарёфти маорифи қуронӣ аст, бояд оёти мансухаро ташхис диҳад, то дар фатво ё қазоват мавриди истинод қарор надиҳад.

Абуабдураҳмони Сулламӣ гӯяд, ки: Алӣ (рз) бо яке аз қозиёни Куфа рӯ ба рӯ шуд. Аз ӯ пурсид: “Оё оёти носиха ва мансухаро мешиносӣ?”; қозӣ гуфт: “на”. Ҳазрат фармуд: “Дар ин сурат ҳам худ ва ҳам дигаронро нобуд сохтаӣ”.[8]

Мардум бар ҳасби зоҳир гумон мебаранд, ки насхе сурат гирифта, дар ҳоле ки воқеан чунин нест ва Худованд аз ҳамон замоне ки ҳукми собиқро ташриъ менамуд медонист, ки муддати давоми он ҳукм, маҳдуд ва саромади замони он мушахас аст ва сирфан ба далели масолиҳе муддати он баён нашудааст. Бо ин баён метавон гуфт, ки дар воқеъ, насхи ҳақиқӣ дар кор нест, балки Худованд ибтидо ҳукми собиқро бидуни баёни муддати он, ба сурати маҳдуд ташриъ намуда ва сипас бо ташреи ҳукми ҷадид (худ ба худ) поёни он муддатро низ эълом кардааст.

 


[1]. Сураи Бақара, ояти 106.

[2]. Сураи Наҳл, ояти 101.

[3] . Сураи Бақара, ояти 106.

[4]. Фирӯзободӣ, Алқомусул муҳит, модаи насх.

[5] . Дар Қуръони карим оёти зер ба тартиб насхро аз ҷиҳати луғат дар маънои аввал ва дуввум истеъмол намудааст:

﴿وَمَا أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ مِن رَّسُولٍ وَلَا نَبِيٍّ إِلَّا إِذَا تَمَنَّىٰ أَلْقَى الشَّيْطَانُ فِي أُمْنِيَّتِهِ فَيَنسَخُ اللَّهُ مَا يُلْقِي الشَّيْطَانُ ثُمَّ يُحْكِمُ اللَّهُ آيَاتِهِ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾

(Ҳаҷ, ояти 52) “Ва пеш аз ту ҳеҷ фиристода ва паёмбаре нафиристодем, ҷуз инки ҳар гоҳ орзу мекард (ва тарҳе мерехт), шайтон дар орзу ( ва тарҳҳо) яш (шубҳа) меафканд ва (ле) Худо ончиро шайтон меафканад, аз миён мебарад, сипас Худо оёташро истеҳком мебахшад ва Худо донои фарзона аст.”

﴿...إِنَّا كُنَّا نَسْتَنسِخُ مَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ﴾ (Ҷосия, ояти 29) “Дар ҳақиқат мо ончиро ҳамвора анҷом медодед пайваста рӯнавишт бармедоштем.”

Дар ояти аввал Худованд илқои шайтонро нобуд мекунад ва аз миён мебарад ва дар ояти дуввум манзури Қуръон нақли аъмол ба саҳифаҳо ва аз саҳифаҳои ба ғайри он аст. (Маноҳилул ирфон, ҷ.2, с.175.)

[6] . Ат-тамҳид фи улумил Қуръон, ҷ.2, с.278.

[7]. Ба ин навъ насх, насхи машрут мегӯянд, ки дар идома тавзеҳи он хоҳад омад.

[8] . Ҷиҳати тавзеҳи бештар ниг: Зуҳайлӣ, Ваҳба ибни Мустафо, Тафсирулмунир фил ақидати ваш шариати вал манҳаҷ, ҷ.1, с.259.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить