Эъҷози саломати Қуръон аз таноқуз

Аз ҷумла вуҷуҳи эъҷози Қуръон, сиёнат ва дурии матни он аз ҳар гуна носозгорӣ ва ихтилоф мебошад, ба хусус ки Қуръон дар муддати 23 сол ва дар шароити мутафовит ба шакли тадриҷӣ, бидуни пешнависии қаблӣ, бидуни ислоҳияи баъдӣ, мутазамини матолиби мутанавеъ ва дар мавзӯоти мутаадиде аз таърих, ҳуқуқ, эътиқодот, аҳком ва ... фароҳам шуда буда, ки бо ин вуҷуд ҳеҷ гуна ихтилоф ва таноқузе дар он дида нашуда ва матн аз саломат ва устуворӣ бархурдор аст. Аз тарафе дар баёни бархе аз матолиб ба муносибатҳои мухталиф, басо саргузаштеро дубора ё бештар такрор намудааст, лекин дар ҳар бор, нукта ё нукотеро баён карда, ки бо матолиби қаблӣ созгорӣ дорад.

Қуръон худ бар ин ваҷҳ аз эъҷоз ишора дорад ва мефармояд:

﴿أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ الْقُرْآنَ وَلَوْ كَانَ مِنْ عِندِ غَيْرِ اللَّهِ لَوَجَدُوا فِيهِ اخْتِلَافًا كَثِيرًا﴾[1]

“Ва оё дар Қуръон тадаббур намекунанд? Ва агар (бар фарз) аз тарафи ғайри Худо буд, ҳатман дар он ихтилофи фаровоне меёфтанд.”

Ояти шарифа, баён медорад: агар Қуръон, китоби ғайри илоҳӣ буда ва аз назди башаре содир шуда буд дорои таноқуз ва носозгорӣ буд, ба вижа ки агар дар шароите мушобеҳи шароити нузули Қуръон фароҳам шуда буд, дастхуши тағйир ва таноқуз мегашт, лекин Қуръон каломи илоҳӣ аст ва аз як манбаи осмонӣ сарчашма гирифта аст, бадин ҷиҳат на танҳо дар он ҳеҷ ихтилофе нест, балки калимот ва иборот ва сохтори муҳтавоии он марбут ба ҳам, мантиқӣ ва санҷида ва бар мабно ва чидмони муназам ва ҳамоҳанг бо якдигар нозил шудааст.

Таърих нишон додааст, ки каломи башарӣ, бо гузари замон ва бар ҳасби муқтазиёти замон ва макон, дучори тағйир ва таҳавул шуда ва ҳар китобе дар мақтаи хоссе мумкин аст, муътабар ва арзишманд бошад, вале дар мақотеи баъдӣ, дигарон асари беҳтар, зеботар, комилтар ва мунсаҷимтар ироа менамоянд, аз ин рӯ ҳар китобе ҳатто аз назари нависандаи он, пас аз гузашти мақтае аз замон, ниёз ба такмил ва бартараф намудани костиҳои он дорад; лекин Қуръон ҳарчанд солҳо ва қарнҳо бар он мегузарад ва хоҳад гузашт, на танҳо ихтилофе дар он мушоҳида нашуда, балки ҳар рӯз матлабе аз матолиби он ошкор мегардад.

Саломати Қуръон аз ҳар гуна таноқуз, нишон аз он дорад, ки ин китоб аз сӯи холиқи инсон омада, ҳамон ки бар инсон ва муҳити пиромуни ӯ огоҳӣ дорад. Бадин ҷиҳат агар дар масоили марбут ба табиат ва ё аз таквин ва ё ташриъ сухан мегӯяд, баёни воқеиёте аст, ки уқало бар он эътироф доранд ва аз ҳар гуна изтироб ва тазалзул ба дур аст.

Эъҷози ададии Қуръон

Таносуб, тасовӣ ва ҳамоҳангӣ дар аъдод ва арқоми калимот ва мавзӯъоти шабиҳ ва муғойир бо ҳам дар Қуръон, амри бисёр шигифтангез аст. Ҳеҷ башаре бар овардани китобе, ки аз назари маъно ва муҳтаво инчунин мутаолӣ буда ва дар мизони калимот ва алфози он низ риоят таносуб шуда бошад, ба гунае ки адади он ҳам муносиб ва шигифтангез бошад, қодир нест.

Инсон аз танзими китобе, ки дар он чунин таносуби шигифтанегз бошад, оҷиз аст. Ин таносуби шигифтангез дар шароите фароҳам шуда, ки китоби Қуръон дар тули 23 сол дар шароити гуногун нозил шуда ва ҳар бахше аз калимоти он дар ҳодисаи хоссе бар Паёмбар (с) ваҳй шуда аст ва пас аз нузул ҳам аз ислоҳия ва танзими баъдӣ бархурдор набудааст. Пиромуни таносуби вожагони қуръонӣ бо якдигар, қуронпажӯҳонро ба манобеи тафсилӣ ирҷоъ медиҳем.[2]

 


[1] . СураиНисо, ояти 82.

[2] . Навфал, Абдурозиқ, Ал-эъҷозулададилилҚуръонилкарим, ҷ.1, 2 ва 3.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти