... 2 – Муҳити хона ва хонавода

 Кӯдак дар муҳити хона бо авомили инсонии мутааддиде тамос дорад, ки муҳимтарини онҳо падару модар ҳастанд. Хонавода, беҳтарин муҳит барои тарбияти кӯдак аст. Кӯдак вақте забони модариро дар хона фаро гирифт, аз тариқи муколима ва гуфтугӯ, афкор ва орои бунёдӣ аз афроди хонавода ба ӯ мунтақил мешавад ва маориф ва иттилооти ӯ, ҳамсатҳ бо афкори хонавода пеш меравад ва дар аъмоли худ низ ба тақлид аз афроди хонавода мепардозад. Аз ин рӯ агар бисёре аз аъмоли рӯзмарраи инсонҳоро баррасӣ ва таҷзияву таҳлил ва решаёбӣ кунем, хоҳем дид, ки бештари онҳо аз тарбияти хонавода сарчашма мегирад.

     Пажӯҳишгарон бо мутолиаи бархе ҳолоти равонӣ, решаи бисёре аз бемориҳои асабӣ ва равониро рафторҳои ноҳинҷори падару модар бо кӯдак – бахусус дар солҳои аввали кӯдакӣ, медонанд. Аъмол ва рафтори падару модар, нохоста бар кӯдак таъсир мегузорад; модаре, ки кӯдаки худро метарсонад, ноогоҳона фарзанди тарсу тарбият мекунад.

Кӯдак, дини хонаводаро мепазирад ва дар ақоид, ахлоқ ва рафтор аз хонавода таъсир мепазирад. Пайғамбари Ислом (с) фармуд:

«كُلُّ مَوْلُودٍ يُولَدُ عَلَى الْفِطْرَةِ، فَأَبَوَاهُ يُهَوِّدَانِهِ أَوْ يُنَصِّرَانِهِ أَوْ يُمَجِّسَانِه»

Ҳар кӯдаке бар асоси фитрати (тавҳидӣ) ба дунё меояд ва ин падар ва модараш ҳастанд, ки ӯро яҳудӣ ё насронӣ ва ё оташпараст бор меоваранд.

Баъзе аз ҷанбаҳои тарбиятии таъсиргузори хонавода иборатанд аз:

а) Рушди шахсияти атфол: Нахустин ва муҳимтарин муҳите, ки шахсият ва рафторҳои фарзандонро поярезӣ мекунад, хонавода аст.

б) Боварҳои кӯдак: Кӯдак дар муҳити хонавода дар бархурд бо афрод ва муқаррароти ҳоким бар он, ба боварҳое мерасад, ки агар нодуруст бошад тағйир ва ислоҳи он боварҳо дар оянда бисёр мушкил хоҳад буд; бавижа инҳирофоти ақидатӣ.

в) Ҷанбаи улгуии муҳити хонавода: Кӯдак, нахустин улгуҳои худро аз аъзои хонавода мегирад.

г) Тарбият ва рушди ҳамоҳанг: Дар асари ҳамоҳангӣ ва ҳамкории хонавода бо дигар муҳитҳои тарбиятӣ монанди мактаб ва мисли он, фарзандон ба хубӣ рушд карда, инсонҳои ормонӣ хоҳанд шуд; аммо агар ноҳамоҳангӣ ҳоким бошад, кӯдак дар мактаб ба ростгӯӣ амр шавад ва дар хона ба дуруғгӯӣ ва ё дар хонавода ба садоқат ва амонат ташвиқ шавад ва дар дигар марокизи тарбиятӣ бар хилофи он, мушкилоти ногувори фаровоне дар пай хоҳад дошт. Ҳамоҳангӣ дар тарбияти динӣ ва ахлоқии фарзандон бисёр сарнавиштсоз аст.

   Бо таваҷҷӯҳ ба таъсиргузории хона ва хонавода дар тарбияти динӣ ва ахлоқии фарзандон аст, ки дини муқаддаси Ислом   тавсияҳои фаровоне дар заминаи хона ва хонавода дорад; дастури солимсозии равобит миёни зан ва шавҳар, муҳаббат ва дӯстӣ, эҳтироми мутақобил, таовуну ҳамёрӣ дар масоили зиндагӣ ва идораи умури хонавода, фазосозии маънавӣ, парҳез аз ҷидол ва рафторҳо ва суханони беҳуда дар ҳузури фарзандон, ҳама ва ҳама дар ростои тарбияти саҳеҳ ва Ислом ии фарзандон дар ин конуни муқаддас ва илоҳӣ аст.

идома дорад.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить