Хонаводаи солим. Аввалин унсуре, ки дар беҳбуди ҷомеа таъсири фаровон дорад, ин хонаводаҳо мебошанд. Хонавода аст, ки фарзандашро бо тарбияти солими худ ба ҷомеа таҳвил медиҳад.

   Муҳити солим. Аз дигар унсур, ки дар пешрафти ҷомеа нақши муҳим ва асосӣ дорад, муҳити солим мебошад. Агар муҳит дорои заминаҳои ҷурму ҷиноят бошад, наметавонад ба як ҷомеаи хуб табдил шавад.

   Имон. Унсури таъсиргузори дигар дар як ҷомеа имон аст, ки ин навиштор ба дунболи исботи ҳамин матлаб мебошад.    

Таъсири имон дар ҷомеа чист? Нақши имон дар ҷомеа чигуна аст?

Имон боиси амнияти ҷомеа

Маънои луғавии имон, “ормиши нафс, дурӣ аз тарсу ҳарос” мебошад.(Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадот, с. 43, вожаи амана). Калимаи амният низ аз ҳамин реша аст. Гуфта мешавад, ки фалон шаҳр амният дорад, ба ин маъност, ки ҳамаи сокинони он дар оромиши комил ба сар мебаранд ва он шаҳр холӣ аз роҳзанон ва дуздону одамкушон аст.

Яке аз фоидаҳои имон ба Худо ин аст, ки имон боиси амният мешавад. Агар шаҳре, ки дар он амният набошад ва мардум натавонанд дар оромиши хотир зиндагӣ намоянд, дигар масоил ба монанди иқтисод, пешрафт ва ғайра беҳуда ва бемаъност ва ба ҳоли мардум фоидае надорад. Аз ин рӯ ҳазрати Иброҳим(а) замоне, ки Каъбаро бино намуд аввалин дуое, ки дар ҳаққи он диёр намуд, дархости амният он диёр буд. (Сураи Иброҳим, ояти 35). Дар партави амният аст, ки метавон ба дигар масоил пардохт. Амният бояд комил бошад, ки битавон мушкилоти мардумро ҳал намуд.

Аз ин рӯ имон дар зиндагии мардум нақши муҳиме дорад. Агар ҷойгоҳи имон дар ҷомеа холӣ бошад дигар мушкилоти мардумро ҳал намудан кори бисёр душвор аст.

Имон хушбинӣ меоварад

Яке дигар аз асарҳои имон ин аст, ки нигоҳи инсонро нисбат ба дунё иваз мекунад. Имон боиси хушбинӣ ба ҷаҳону хилқату ҳастӣ мебошад. Имон ҷаҳонро дорои ҳадаф медонад. Ҳадафи ҷаҳонро низ ба саодат расидан медонад. Ҳолати фарди боимон дар дунё монанди ҳолати фарде аст, ки дар кишваре зиндагӣ мекунад, ки қавонин ва низоми он кишварро дуруст ва одилона медонад ва ба ҳокимон ва раисони он кишвар бовар дорад ва кори онҳоро саҳеҳ медонад. Чунин шахсе заминаи пешрафт ва тамаддуни ҷомеаро фароҳам мекунад ва сабаби ақибмондагии ҷомеаро аз танбалии худ ва афроди мисли худ медонад.

Аз назари чунин шахсе масъули ақибмондагии ӯ худаш аст, на ҳукумат ва ташкилоти он ва ҳар нақзе ва камбуде, ки вуҷуд дорад аз онҷост, ки ӯ ва афроди мисли ӯ ба вазифаашон хуб амал накардаанд.

Аммо як фарди беимон дар кишваре, ки зиндагӣ мекунад, монанди касест, ки тамоми ташкилот ва ҳокимони он кишварро золимона дониста ва аз рӯи ночорӣ онро қабул менамояд. Даруни чунин шахсе пур аз кинаву дигар мушкилоти дарунӣ аст. Ӯ ҳаргиз ба пешрафт ва тамаддуни ҷомеа фикр намекунад ва ҳаргиз аз зиндагиаш лаззат намебарад. Дунё барои ӯ мисли як зиндон аст ва ҳамеша ба ӯ фишор меоварад.(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Инсон ва имон, с. 39).

Ба ҳамин хотир аст, ки Худо мефармояд:

وَ مَنْ أَعْرَضَ عَنْ ذِكْري فَإِنَّ لَهُ مَعيشَةً ضَنْكا

Ҳар кас аз таваҷҷӯҳ ва ёди ман, рӯ баргардонад, зиндагии танг ва пур аз фишор хоҳад дошт. (Сураи Тоҳо, ояти 124)

Пас яке аз осори имон дар ҷомеа ин хушбинӣ мебошад. Имон нигоҳи инсонро ба ҷомеа ва халқи Худо дигаргун мекунад.

идома дорад.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить