Панди Луқмони Ҳаким ба фарзандаш.

Эй ҷони фарзанд!
Ҳазор ҳикмат омӯхтам, ки аз он, чаҳорсад ҳикмат интихоб кардам ва аз он чаҳорсад, ҳашт ҷумла баргузидам, ки ҷомеъи ҳамаи камолот аст:
Ду чизро ҳаргиз фаромуш накун:
“Худо” ва “марг”- ро.
Ду чизро ҳамеша фаромуш кун:
“ҳангоме ки ба касе хубӣ кардӣ” ;
“замоне ки аз касе бадӣ дидӣ”.
Ва аммо чаҳор ҷумлаи дигар:
Ҳар гоҳ ба маҷлисе ворид шудӣ “забон нигаҳ дор”!
Агар ба суфрае нишастӣ “шикам нигаҳ дор”!
Вақте вориди хонае шудӣ “чашм нигаҳ дор”!
Ва замоне ки барои намоз истодӣ “дил нигаҳ дор”!

 

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти